Эълони рӯзи мотам дар Қазоқистон

Ба хотири фавтидагони коронавирус дар Қазоқитон 13 июл рӯзи мотами миллӣ эълом мешавад. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар як баёнияаш хабар дод.

«Ин вабо ба гирифтани ҷони қазоқистониҳо идома медиҳад. Пушти омори расмӣ фоҷиаи садҳо хонавода нуҳуфта аст: касе падар, каси дигар модар, бародар, хоҳар, писар ва ё духтарашро аз даст додааст. Ин фоҷиаи умумии мост. Бовар дорам, ҳар касе дар рӯзи мотам ҳар ҷо, ки бошад, хотираи рафтагонро гиромӣ медорад», — гуфт президенти Қазоқистон.

Вай ҳамзамон ба шаҳрвандоне, ки наздиконашонро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва аз дигарон хост, ки «ноумед нашаванд ва худро ба руҳафтодагӣ насупоранд». «Мо касеро дар мушкилот намегузорем ва барои ҳифзи ҳаёту сиҳатии ҳар кадом қазоқистонӣ талош мекунем»,- илова кард Тоқаев.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 51 ҳазор кас ба коронавирус гирифтор ва 264 кас аз ин вабо фавтидааст. Сар аз 5 июл Қазоқистон ба далели авҷи мавҷи дувуми коронавирус чораҳои карантинро сахттар кард. Тибқи иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон, то охири моҳи июн дар ин кишвар бар асари бемории пневмония 628 нафар ҷон бохтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *