Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷиаи Панҷшер гуфту хомӯшии озмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар

Эмомалӣ Раҳмон дар минбари СММ аз вазъи вахим дар вилояти Панҷшери Афғонистон гуфту хомӯшии созмонҳои байналмилалиро интиқод кард

«Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд»,

Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем.

Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоии худ ба ширкаткунандагони иҷлосияи 76 -уми Маҷмаи Умумии СММ гуфт.

«Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад», — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон чашм пӯшидани созмонҳои байналмилалиро дар баробари ин ҳама қонуншиканиҳо интиқод кардааст.

«Мутаассифона, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд», — афзудааст ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад.

Бо дарназардошти ин ҳолат раҳбари Тоҷикистон роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар донистааст,

«Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд», — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *