Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар мекунад
Рӯзҳои 2 ва 3-юми июн дар Чолпон-Атаи Қирғизистон ҳамоиши дуюми “Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ” доир мегардад. Дар ин бора мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш дар шаҳри Чолпон-Ата, ки дар соҳили Иссиқкӯл ҷойгир аст, баргузор шуда, дар он роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, муовини раиси Девони вазирони Туркманистон ва раиси Шурои Аврупо Чарлз Мишел ширкат хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии ду минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо табодули назар карда мешавад. Илова бар ин, дар доираи ҳамоиш дигар мулоқотҳои дуҷониба низ сурат мегиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ