Президенти Тоҷикистон ба Дубай рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб сафар кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи сафар иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии ӯ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Конфронси мазкур аз 30 ноябр то 12 декабр дар Дубай (АМА) баргузор шуда, қарор аст даҳҳо ҳазор меҳмон аз саросари ҷаҳон дар он ширкат кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *