Эмомалӣ Раҳмон озими Қазоқистон шуд
Имрӯз, 28 ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) бо як сафари корӣ вориди шаҳри Остонаи Қазоқистон шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, Президентро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе раиси Маҷлиси миллӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, сарвазир, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари Президент оид ба равобити байналмилалӣ, вазири дифоъ, котиби Шӯрои амният ва дигар намояндагони воломақом ҳамроҳӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки дар ин ҳамоиш масоили калидии амнияти минтақавӣ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СПАД ва чолишҳои кунунӣ дар минтақа баррасӣ шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ