Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Барои хизмат ба Ватан» сарафроз гардид

Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои худ аз Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени «Барои хизмат ба Ватан» дараҷаи III сарафроз намуд. Фармони дахлдори президенти Русия рӯзи сешанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.

«Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени “Барои хизмат ба Ватан” дараҷаи III сарафроз гардонида шавад”,- гуфта мешавад дар матни фармон.

Бояд гуфт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 5-уми октябр ба синни 70-солагӣ расид. Ӯ соли 2017 низ барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон бо ордени Александр Невский мукофотонида шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *