Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 15-17 марти соли равон сафари расмӣ ба Федератсияи Русия анҷом медиҳад.
Дар ҷараёни ин сафар масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи махсус ба масоили амниятӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва равобити байналмилалӣ зоҳир мешавад.
Интизор меравад, ки дар доираи ин сафар як қатор созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ