Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ ба Чин рафт

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон рӯзи 16-уми май бо як сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои “Чин + Осиёи Марказӣ” рафт. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин сафар Сарвари давлатро вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисод ва рушди савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, ёварони президент оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва масоили иқтисодӣ, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллӣ, телевизион ва радио, таъминоти озуқаворӣ, президенти Академияи миллии илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Нишасти «Чин + Осиёи Марказӣ» аз 18 то 19-уми май дар шаҳри Сиан (маркази маъмурии музофоти Шэнсӣ воқеъ дар шимолу ғарби Чин) таҳти раёсати Си Ҷинпин, Раиси Чин баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Ван Венбин, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар нишасти шашҷониба сарони ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард.

Ин нахустин чорабинии бузурги дипломатӣ аз ҷониби Чин дар соли ҷорӣ ва нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи сарони давлатҳои шаш кишвар пас аз барқарории равобити дипломатӣ бо ин кишварҳо дар 31 соли охир хоҳад буд.

Ван таъкид кард, ки мулоқот дар таърихи равобити Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим аст.

«Мо бовар дорем, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо, ин нишаст ба тарҳи нави равобити миёни Чин ва Осиёи Марказӣ кумак карда, як сафҳаи давраи нав барои ҳамкориҳои ду тарафро боз мекунад»,- гуфт сухангӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *