Эмомалӣ Раҳмон боз ба Ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуд

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба Ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карданд.

Ин пешниҳодҳоро бахшида ба Рӯзи Президент зимни як ҳамоиш донишҷӯи курси сеюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ Зарина Саидова ва муовини декани ҳамин факултет Афзалшо Бобозода ироа кардаанд.

Раҳматулло Каримов, сухангӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо сомонаи “Pressa.tj”  ин хабарро тасдиқ карда, иброз дошт, ки Зарина Саидова инчунин барандаи Ҷоизаи “Донишҷӯи сол-2019” буда, аз донишҷӯи фаъол ва донишманди академияи мазкур маҳсуб меёбад. Интизор меравад, ки ин пешниҳоди донишҷӯ ва устодаш ба забони инглисӣ тарҷума шуда ва  барои пуштибонӣ аз он ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол гардад.

Ин бори чорум аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷоизаи  Нобел пешбарӣ мешавад. Соли 1999 дар матбуоти давлатии Тоҷикистон маъракаи густардае ба роҳ андохта шуд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон барои поёни ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои созишномаи сулҳ бо мухолифин Ҷоизаи Нобел эҳдо шавад.

Соли 2016 Ҳикматулло Насриддинов, собиқ вазири оби Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ гардида, ҳайкалаш дар Душанбе гузошта шавад.

Дар соли 2018 як ҷамъияти ӯзбекҳо роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро ба хотири анҷоми “ҷанги сард” байни ду кишвари ҳамсоя ва беҳбуди муносибатҳо ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карда, маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро ҳам ба роҳ монда буд, вале комёб нашуд.

Эмомалӣ Раҳмони 67-сола аз соли 1992, инак 27 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Тарафдоронаш мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон тавонист ба ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар кишвар нуқта гузошта, суботу оромиро таъмин кунад. Бунёди сарбанд ва ду чархаи аввали нирӯгоҳи Роғунро аз дигар комёбиҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми президентӣ медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *