Эмомалӣ Раҳмон: Фарзандонро тарбият кунед, то номи тоҷикро бадном накунанд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи террористиро дар маҷмааи “Крокус Сити Холл”-и Маскав нангину мудҳиш арзёбӣ кард. Ӯ аз падару модарон даъват кард, ки ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то онҳоро аз чунин аъмол ҳифз кунанд ва номи миллати тоҷикро бадном накунанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоми 25-уми март зимни суханронӣ дар чорабинӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе иброз дошт, ки ҷавонони тоҷикро бояд аз таъсири гурӯҳу созмонҳои ифротӣ ҳифз кард.
“Такроран таъкид менамоям, ки мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд”, — гуфт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Русия Владимир Путин низ дар робита ба ҳодисаи терракт дар маҷмааи “Крокус Сити Холл” гуфт, ки “террористон на миллат доранду на ватан ва на эътиқод”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ