Эмомалӣ Раҳмон: Хонандагон баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!
Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.
Ин матлабро 1 сентябр зимни суханронӣ бахшида ба соли нави хониш Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён дошт.
«Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.Бинобар ин, дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!»,- хотиррасон намуд Сарвари давлат.
Ба таъкиди Президенти кишвар, фарзандон назди мо амонатанд, онҳо ояндаи мову шумо ва соҳибони фардои давлату миллат мебошанд.
«Мо набояд бо дастони худ ояндаи худамонро барбод диҳем, ба амонати хеш хиёнат кунем ва фарзандони худро дидаву дониста бадбахт созем. Дигар ин ки мову шумо дар ин дунё абадӣ нестем. Фарзандон ва набераву абераҳоямон ҳастанд, ки роҳи мову шуморо идома медиҳанд ва номи мову шуморо зинда нигоҳ медоранд»,-изҳор дошт Президенти мамлакат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ