Эмомалӣ Раҳмон: Ман халқамро сидқан дӯст медорам! (Видеои мустақим)
Дар “Кохи Сомон” маросими савгандёдкунии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз гардид ва ҳоло идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон баъди ворид шудан ба толори калони “Кохи Сомон” ва садо додани Суруди миллӣ дасти росташро ба болои Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд кард. Ӯ гуфт, ки “Ман халқи азизамро сидқанд дӯст медорам. То нафаси охир содиқона хизмат мекунам”.
Интихоботи Президенти Тоҷикистон якшанбеи 11 октябр тариқи раъйдиҳии пинҳонӣ сурат гирифт. Дар интихоботи президентӣ 5 номзад аз аҳзоби мухталифи кишвар вориди рақобат шуда буданд.
Дар интихоботи президентӣ бо аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 — 90,92 дарсадро Президенти амалкунандаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ