Эмомалӣ Раҳмон: Марзбонони мо рисолати худро ҷавонмардона иҷро мекунанд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд.   

Ҷамъомади тантанавӣ имрӯз, 28 май дар Кохи Борбад доир шуд.

“Мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ иброз намоям, ки дар тӯли сӣ соли сипаришуда марзбонони мо қарзи фарзандии худро дар ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан-Модар ва давлати соҳибихтиёри тоҷикон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва бо шуҷоату далерӣ иҷро намуда, ин рисолати хешро ҷавонмардона идома дода истодаанд” — изҳор доштанд Сарвари давлат зимни суханронӣ дар ҳамоиш.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни суханронӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз корнамоию ҷоннисории фарзандони шуҷоъи тоҷик, мисли Муқаннаъ, Шерак, Спитамен, Деваштич, Темурмалик, Восеъ ва даҳҳову садҳо нафари дигар, ки дар тӯли давраҳои гуногуни таърихи тоҷикон барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ муборизаву ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуданд.

Ба андешаи Президенти кишвар, ҳимояи Ватан ва марзу буми он аз азал дар тору пуди миллати сарбаланди мо сиришта шудааст.

Таъкид гардид, ки бо дарки аҳаммияти махсуси неруҳои сарҳадбон Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз оғози таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ доир ба фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани инфрасохтори сарҳадӣ ва омодасозии мутахассисони касбӣ тадбирҳои зиёде амалӣ намуд.

Имрӯзҳо барои марзбонон тамоми шароити мусоиди пеш бурдани хизмат, машқу таҳсил, зиндагӣ, истироҳат ва варзиш муҳайё мебошад. Дар ин самт саҳми соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ҳам бисёр арзишманд арзёбӣ карда шуд.

Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо техникаи ҳарбӣ низ сол ба сол беҳтар ва маблағгузорӣ ба ин мақсад мунтазам зиёд мешавад.

Давлат ва Ҳукумати кишвар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро барои ҷасорату ҷоннисориҳояшон ҳамеша бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои низомӣ сарфароз мегардонад.

Бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмат, омода кардани кадрҳои ҷавон ва таъмини ҷузъу томҳо бо техникаву таҷҳизоти махсус мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *