Эмомалӣ Раҳмон: Мо манфиатдори шарикӣ бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ҳастем

20-уми феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти кишвар, дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гуруҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “мо фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем”.

— Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд. Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд,- меафзояд манбаъ.

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор муҳим шумурда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *