Эмомалӣ Раҳмон: Низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад
1-уми сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дастур дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад.
Роҳбари давлат қайд намуд, ки «бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ