Эмомалӣ Раҳмон: Роҳи тайкардаи мо пур аз шебу фароз буд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфт.
Зимни паёми шодбошӣ Сарвари давлат таъкид дошт, ки «имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад».
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкарда пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ҷумҳурӣ барқарор созанд.
Ба таъкиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ