Эмомалӣ Раҳмон се судяро аз вазифа барканор кард

 20-уми апрели соли 2022 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар бораи барканории се судя ба далоили мухталиф имзо гузошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, Меҳмон Аловиддин Бозгул бинобар расидан ба синни ниҳоии судя аз вазифаи раиси Суди ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон озод карда шуд.

Абдусалим Раҳимзода аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва Ирод Умарзода бо сабаби вазъи саломатӣ аз вазифаи судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *