Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир аст

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ тақдим намуданд.

Маросими тақдими мукофотҳо 27 май ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Қасри миллат сурат гирифт.

«Нахуст Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҳарбиро ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарфароз гардиданашон бо мукофотҳои давлатию рутбаҳои олии ҳарбӣ табрику таҳният гуфтанд»- иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.

Ба таъкиди Президенти кишвар, Тоҷикистон беш аз се даҳсола дар сафи пеши мубориза бо хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қарор дорад ва дар пешгирӣ кардани паҳншавии ин хатару таҳдидҳо ба минтақа ва ҷаҳон нақши калидӣ мебозад.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки сарҳадбонони кишвар дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик рисолати худро содиқона иҷро намуданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд.

Вобаста ба вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ин ҳолат тақозо менамояд, ки ҳар як сарбозу афсари Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватани азизамон беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак ва омода бошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *