Эмомалӣ Раҳмон То Ламро табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон президенти тозаинтихоби Ветнам То Ламро ба муносибати пирӯзияш табрик кард. Дар ин бора “Ховар” хабар медиҳад.

Президенти Тоҷикистон ба ҳамтои ветнамияш барор хоста, аз равобити деринаи дӯстии кишварҳо гуфтааст.

“Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳасанаи ду кишвар   дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва ба дурнамои онҳо диди нек дорем”,- омадааст, дар паёми Президенти Тоҷикистон.

Ӯ изҳори умед намудааст, ки бо талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкории байнидавлатии кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳанд гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *