Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ

Дирӯз, 6 март дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” баргузор гардид.

Ин ҳамоиш ба 25-умин солгарди қабули нахустин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва муаррифии китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” бахшида шуд.

Инчунин, таҳти ин унвон китобе ба нашр расидааст, ки муаллиф ва муҳаррири он Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мебошанд.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим, ки аз дастгириҳои аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдоранд, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Таъкид гардид, ки неруи “дипломатияи об”-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули доираи дӯстони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ ба сифати омили асосӣ нақш бозид ва “Раванди оби Душанбе”-ро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои глобалии рушд гардонида, ба рӯзномаи платформаҳои байналмилалӣ дар ҳамаи сатҳҳо ворид сохт.

Дар ин конфронси байналмилалӣ Муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Цзюнхуа, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев, Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ Селеста Сауло, Муовини директори кулли UNESCO Лидия Брито, Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Цилидзи Марвала, Директори глобалии Бонки Ҷаҳонӣ дар таҷрибаи об Сароҷ Кумар, Раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА Асхат Оразбай, роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагони агентиҳои СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, олимону коршиносон ва намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image