Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон ибрози назар карданд

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, бо Владимир Путин, Президенти Русия қазияи Афғонистонро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ба мусоидати ҳамаҷониба дар ҳалли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд. Зикр шудааст, ки шиддати вазъ дар ин кишвар ба амнияти минтақа таҳдид дорад.

«Ҷонибҳо аз шиддат гирифтани вазъият дар ин кишвар метавонад ба ҳолати умумии амнияти минтақавӣ таъсири манфӣ расонад, ҳамоҳангии минбаъдаи талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаашонро ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва муосидати ҳамаҷониба ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ намуданд», — омадааст дар иттилоияи котиботи Президенти Тоҷикистон.

Раҳмону Путин мувофиқа кардаанд, ки тамосҳо ва ҳамкориҳои зичи миёни вазорату идораҳои дахлдори ду кишвар дар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ идома дода шаванд.

Суҳбати роҳбарони Тоҷикистону Русия дар ҳолест, ки Толибон* марзҳо ва марказҳои Афғонистонро ғасб кардаанд. Нерӯҳои зиддитолиб феълан дар Панҷшер, ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* ҷамъ омадаанд.

Бо вуҷуди таъкиди Толибон*, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистон таҳдиде нест, нерӯҳои Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои минтақа ба силсилаи размоишҳо пардохтаанд, ки дар онҳо роҳҳои ҷилавгирӣ ва нобудсозии ҷангиёни эҳтимолӣ аз Афғонистонро тамрин мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *