Эмомалӣ Раҳмон ва Ян Борг масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд
Имрӯз, 26 июн дар Қасри миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Боргро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.
“Мо аз рӯзҳои нахустини роҳандозии муносибатҳо бо Созмон омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карда будем” — таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ҷонибҳо маҷмӯи масоили мубрами минтақавӣ ва глобалӣ, ичнунин тавсеаи муносибатҳои низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву муҳитизистӣ дар чорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро муҳокима намуданд.
Ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим — гармшавии бесобиқа, обхезӣ, хушксолиҳои пай дар пай, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ ҳамкории зичу фаъоли кишварҳои иштирокдори Созмон зарур шумурда шуд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳалли мушкилоти амниятӣ, мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва пешгирӣ аз сӯиистифодаи интернет ба мақсади таблиғу ташвиқи тундгароӣ ва ифротгароию зӯроварӣ андешаронӣ намуданд.
Дар мавриди робитаҳои дуҷониба аз сатҳи ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
“Роҳҳои густариши робитаҳои Тоҷикистону Малта дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла муносибатҳои байнипарлумонӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, соҳибкорӣ сайёҳӣ ва гуманитариву фарҳангӣ ҳам аз мавзуъҳои суҳбат буд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ