Эмомалӣ Раҳмонро дар Қирғизистон кӣ пешвоз гирифт?
— Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон вориди Қирғизистон шуд,- гузориш медиҳад Хадамоти матбуоти Президент.
Бино ба иттилоъ, дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқкӯл Эмомалӣ Раҳмонро раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов пешвоз гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар нишасти дувуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси Шурои Аврупо, ки рӯзи 2-юми июн дар шаҳри Чолпон-Ато баргузор мешавад, рафтааст.
То ҳол сарони дигар кишварҳо наомадаанд. Танҳо Шарл Мишел, Президенти Шурои Иттиҳоди Аврупо омадааст. Ҳоло нишаст доир нагардидааст ва хабаргузории PRESA.TJ тасмим дорад хонандагони худро аз ҷараёни он огоҳ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ