Эмомалӣ Раҳмонро дар Бишкек Садир Жапаров истиқбол гирифт
12 март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифт.



“Саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои Сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ