Эмомалӣ Раҳмон ба афви муҳоҷирон дар Русия ибрози умедворӣ кард
Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ба афви навбатии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия умед мебандад.
Президенти Тоҷикистон гуфт, ки ба афви навбатии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия умед мебандад.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора зимни мулоқоташ бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия дар Маскав дар рӯзи 16 апрел таъкид кард. Ин нахустин ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Думаи давлатӣ аст.
Хабаргузории ТАСС аз қавли раиси ҷумҳури Тоҷикистон навиштааст, ки дар солҳои ахир дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия пешрафтҳое ба мушоҳида расида ва дар ин замина миёни ин ду кишвар санадҳои ҳуқуқӣ имзо шудаанд. Аз ҷумла, системи ба ҳисобгирӣ, дарёфти патент ё иҷозаи кор ва муайян кардани мақоми оилаҳои муҳоҷирони корӣ содда шудааст.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ки мизони сармоягузорӣ ба имконоти Русия дар ин бахш мувофиқат намекунад. Вай хостори ҷалби бештари самояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон шудааст.
Ҳамчунин, дар мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия масоили маориф, аз ҷумла, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар матраҳ шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон Донишгоҳи Тоҷикистону Русия-Славянӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия фаъолият мекунанд. Дар Донишгоҳи Славянӣ 7 ҳазор донишҷӯ таълим мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Вячеслав Володин аз дидори нахустинаш бо Владимир Путин ёдовар шудааст.
“Дар соли 1992 ман вакили парлумони Тоҷикистон будам. Дар моҳи майи ҳамон сол дар Душанбе бо Владимир Путин мулоқот кардам. Он замон Владимир Путин ёвари Анатолий Собчак, шаҳрдори Сакт-Петербург буд”-гуфтааст Президенти Тоҷикистон.
Дар ҷараёни сафари расмиаш ба Русия Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев, сарвазири Русия мулоқот кард.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро баррасӣ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ