Эмомалӣ Раҳмон ба Мирзиёев чӣ гуфт?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъди чанд лаҳзаи эълони пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Узбакистон, бо ӯ гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, масъалаи ҳамкориҳои Душанбеву Тошкандро дар миён гузошт. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, аз ин пештар Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Мирзиёев як номаи табрикӣ ҳам фиристода ва пирӯзии ӯро «баҳснопазир» номидааст.

Дар номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев таъкид шудааст, ки «дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд.»

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, инчунин, изҳори умед намудааст, ки идомаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон ба нафъи мардуми ду кишвар буда, Душанбе омодааст, «барои васеъ кардани заминаи мусоиди муносибатҳо» якҷоя талошҳои заруриро ба харҷ диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *