Эмомалӣ Раҳмон ба Белорус сафар мекунад

Интизор меравад, дар охирҳои моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як дидори расмӣ вориди Минск, пойтахти Белорус шавад.

Интизор меравад, дар охирҳои моҳи июн Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо як дидори расмӣ вориди Минск, пойтахти Белорус шавад.

Дар ин бора рӯзи 3 июн Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус зимни мулоқот бо Маҳмадшариф Ҳақдод, сафири Тоҷикистон дар Белорус хабар додааст.

Президенти Белорус ба хабарнигорон гуфтааст, “тибқи тавофуқи қаблӣ, президенти Тоҷикистон дар остонаи пӯшида шудани Бозиҳои дуюми Аврупо дар шаҳри Минск ба Белорус меояд ва чанд рӯз ин ҷо хоҳад монд” .

Бозиҳои дуюми Аврупо дар рӯзҳои 21 июн то 30 июн дар шаҳри Минск баргузор хоҳад шуд.

Дар соли 2018 табодули мол миёни Тоҷикистон ва Белорус 37,4 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2017 ҳудуди 13  дарсад камтар будааст. Мизони содироти Тоҷикистон ба Белорус танҳо 4 миллион доллар будааст.

Маъмулан Белорус ба Тоҷикистон трактор, маҳсулоти сохтмонӣ, қолин ва чархҳои автомобил содир карда ва аз Тоҷикистон меваи хушк, чормағз, нахи пахта ва маҳсулоти бофандагӣ ворид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *