Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек меравад
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба Қирғизистон сафар кунад.
Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ба Қирғизистон сафар кунад.
Тибқи иттилои манобеъи расмии Қирғизистон, рӯзҳои 13-14 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти ин кишвар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор шуда ва дар кори он раисони ҷумҳури Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Покистон ширкат хоҳанд кард.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, сарони Эрон, Белорус, Муғулистон ва Афғонистон ба унвони нозир дар ин нишаст ширкат мекунанд.
Соли 2018 нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар Чин баргузор ва раёсати ин созмон ба Қирғизистон интиқол дода шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ