Эмомалӣ Раҳмон ба «Роғун» рафт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои шиносоӣ бо ҷараёни кор дар нерӯгоҳи «Роғун», рӯзи 10 май ба ин шаҳр рафтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни кор дар ин нерӯгоҳ огоҳ шуда ва бо муҳандисону кормандони техникӣ мулоқот кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ба сифат ва таъмини бехатарии ин нерӯгоҳ таъкид карда ва гуфтааст, ки «ин “Кохи нур” ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад». Бар пояи ин хабар, раиси ҷумҳур бо ҷараёни корҳо дар бархе аз қисматҳои нерӯгоҳ шинос шудааст. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир наздик ба 14 ҳазор нафар дар ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим, кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *