Эмомалӣ Раҳмон ба Самарқанд рафт

Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон дар маросими видоъ бо Ислом Каримов, президенти  Узбекистон ширкат хоҳад кард. Маросими бахоксупории Каримов  имрӯз дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи Президенти  Тоҷикистон, субҳи имрӯз гуфт, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маросими видоъи Ислом Каримов,президенти Узбекистон ширкат хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, қарор аст ҳайати давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз вориди Узбаӯекистон шаванд.Тибқи гузоришҳои расида, Нурсултон Назарбоев, президенти  Қазоқистон, ки дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви “G20” шаҳри Пекин ширкат дошт, барои ширкат дар маросими видоъ бо Ислом Каримов, ба Узбекистон хоҳад омад. Дар ин маросими видоъ Дмитрий Медведев ва Соронбой Женбеков, сарвазири Русия ва Қирғизистон низ ширкат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *