Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад

Баъзе аз расонаҳои давлатии Ӯзбекистон бархе аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба он кишвар ошкор карданд. Ин расонаҳо гуфтанд, ки президент Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми август аз Тошканду Самарқанд дидан хоҳад кард.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафтааст.

Хабаргузории Kun.uz рӯзи 12-уми август бо такя ба манобеи худ гуфт, 17-уми август дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳунармандони тоҷику ӯзбек барномаи бузурги ҳунарӣ баргузор хоҳад шуд. «Баъдан, рӯзи 18-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанд меравад», — навишт хабаргузорӣ.

Расонаҳои Ӯзбекистон гуфтаанд, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон беш аз бист санаду созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатии ду кишвар имзо хоҳад шуд.

То ба ҳол мақомоти расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин замина ибрози назар накарда, санаи дақиқи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмонро ба Тошканд эълон нанамудаанд. Аммо як манбаи огоҳ рӯзи 12-уми август гуфт, аз ҳоло як ҳайати ҳунармандони тоҷик ба Ӯзбекистон рафтаанд, то дар барномаи «Шоми дӯстӣ», ки қарор аст 17-уми август баргузор шавад, иштирок кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 1998 бо сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафтааст. Ӯ моҳи сентябри соли 2016 барои иштирок дар маросими дафни Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Ӯзбекистон, ба Самарқанд рафта буд.

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омада буд. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии ӯ ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.

Мақомоти ду кишвар ҳам мегӯянд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу коло чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар расид ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *