Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии  Олимпиада ширкат намеварзад

 

 Як манбаъ аз Ҳукумати ҷумҳурӣ  хабар дод, ки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии  Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпиаи Рио де Жанейро  ширкат намеварзад.

Манбаъ афзудааст, ки Сардори давлат бинобар серкориаш дар рӯзҳои баргузории Олимпиада ба Рио де Жанейро рафта наметавонад.

Ёдрас мешавем, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 дар маросими ботантана кушодашавии Бозиҳои XXIX тобистонаи олимпии Пекин иштирок карда, барои варзишгарон қуввати дил шуда буд. Дар натиҷа Юсуф Абдусаломов дар гуштии тарзи озод ва Расул Боқиев дар дзюдо барои хазинаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нахустин медалҳои нуқраю биринҷӣ оварданд.

Дар Олимпиадаи Лондон-2012 бошад, Эмомалӣ Раҳмон, ҳарчанд аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир даъватӣ шуда буд, бо сабаби вазъи нигаронкунандаи кишвар рафта натавонист.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *