Эмомалӣ Раҳмон: Кишоварзон метавонанд рӯза нагиранд
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд ва дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд, метавонанд рӯза нагиранд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, шахсоне, ки бо корҳои саҳроӣ ва дигар навъҳои меҳнати вазнин машғуланд ва дар сурати доштани рӯза ба машаққати сахт гирифтор мешаванд, метавонанд рӯза нагиранд.
Президент дар паёми худ ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот ба фарорасии моҳи Рамазон таъкид кардааст: “Моҳи рамазон имсол низ ба фасли гармо баробар меояд.Чунонки дар осори донишмандони фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст, шахсоне, ки ба корҳои вазнин машғуланд, аз ҷумла кишоварзон ва коргарони коргоҳу корхонаҳо рӯза нагирифтанашон мумкин аст”.
Ҳамчунин, дар моҳи Рамазон ба занони ҳомила ва кӯдаки ширхӯрдошта, мусофирон, беморон ва барҷомондагон сабукиҳо муқаррар шудаанд.
Яъне, гурӯҳҳои зикршудаи мусулмонон метавонанд дар дигар вақти барояшон мусоид рӯза гиранд.
Аз сӯи дигар, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мусалмонони кишвар даъват кардааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дасторхони серхарҷ худдорӣ кунанд.
Президент дар паёми худ ба мардуми Тоҷикистон дар иртибот ба фарорасии моҳи Рамазон ба истинод ба сураи “Исро” гуфтааст: “Ва ҳеҷ гоҳ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”.
Вай таъкид кардааст, то ҳанӯз ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ин фармудаҳои Худованд ва ҳамчунин, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар ҷомеаи мо аз ҷониби баъзе ашхос иҷро намегарданд ва чунин шахсон бо оростани дасторхони пурдабдабаву намоишкорона меъёрҳои зикршударо дағалона поймол мекунанд.
Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.
“Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад”-омадааст дар паёми Президенти Тоҷикистон.
Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад.
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон аз болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар моҳи Рамазон иброз нигаронӣ карда ва аз тоҷиронро барои ислоҳи ин вазъ фаро хондааст.
Вай ба истинод ба ҳадиси Расули акрам ба тоҷирон ҳушдор додааст: “Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ