Эмомалӣ Раҳмон: Моро бо “забони тоҷикӣ” мешиносанду эътироф мекунанд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 4 октябр дар иртибот ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекард, забони тоҷикиро аз қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр ва меросбари забонҳои бостонии ориёӣ хонд.

“Решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд”-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва ҳар як фарзанди соҳибмаърифати миллат имрӯз ба осонӣ ва бе луғат мехонаду мефаҳмад.

Зимнан, 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Қонуни забон қабул гардида, баъди бист соли амали он наметавонистанд талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонанд.

Аз ин лиҳоз, зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд.

Аз ҷумла, таҳия ва нашри Энсиклопедияи забони тоҷикӣ, ки Вазорати фарҳанг ва Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик масъулони он мебошанд, то ҳол ба сомон нарасидааст.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки  ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат ирсол шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *