Эмомалӣ Раҳмон: Саҳми институтҳои молиявӣ дар рушди иқтисоди миллӣ назаррас аст

Имрӯз  Президенти мамлкат Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук ва Директори иҷроияи Маркази рушди Вулфенсон Йоҳаннес Линнро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мулоқот масоили гуногуни вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишварҳои олам ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли ин мушкилот баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, киТоҷикистон саҳми институтҳои молиявиро дар самти рушди иқтисоди миллӣ назаррас арзёбӣ менамояд ва истифодаи таҷрибаи онҳоро барои пешрафти иқтисодӣ судовар медонад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушд ва дӯстони мардуми Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ нақши муасир мегузоранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумати Тоҷикистон, ки тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъда, таъмин намудани афзалиятҳои миллию баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва татбиқи ҳадафмандонаи Барномаи миёнамуҳлати рушди ҶТ барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030-ро дар бар мегирад, табодули афкор намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *