Эмомалӣ Раҳмон сафири Тоҷикистон дар Туркияро аз вазифа озод кард
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо судури як фармон сафири Тоҷикистон дар Туркияро аз вазифааш барканор кардааст.
Гуфта мешавад, Фаррух Шарипов, сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Туркия бинобар муҳлати анҷоми вазифа ва ба кори дигар гузаштанаш аз ин мақом озод карда шуд. Дар фармони барканории сафир чунин омадааст: “Шарипов Фаррух Ҳомиддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия озод карда шавад.”
Муҳаммадалӣ Раҷабиён ба ҷои Фаррух Шарипов ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон дар Туркия таъйин шуд.
Қобили зикр аст, ки Фаррух Шарипов панҷ сол боз дар мақоми сафир дар Туркия адои вазифа мекунад.
Сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмудҷон Собиров низ бинобар ба нафақа баромаданаш аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон озод шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ