Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамкории кишварҳоро рушд медиҳанд

Раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон дар як суҳбати телефонӣ аз вазъи ҳамкории ду кишвари ҳамсоя дар ҳамаи бахшҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ин суҳбати телефонӣ рӯзи 5-уми октябр сурат гирифт. Бино ба қавли манбаъ, Шавкат Мирзиёев дар ин суҳбат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷашни 65-солагиаш табрик кардааст.

Масъулони хадамот гуфтанд, дар баробари ин, ду тараф вазъи равобити кишварҳоро низ баррасӣ карданд. Раҳбарони Тоҷикистону Узбакистон омодагии худро «барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми ду кишвар» баён намудаанд.

Дар 20 соли охир робитаҳои Тоҷикистону Узбакистон тадриҷан маҳдуд гардида, аз ҷумла мизони додугирифти тиҷоратӣ ва иқтисодӣ низ аз 500 миллион доллари оғози солҳои 2000 то ҳамагӣ 12 миллион доллар дар соли 2015 коҳиш ёфта буд. Вале шурӯъ аз охири соли гузаштаи 2016 додугирифти байни ин кишварҳо рӯ ба афзоиш ниҳод.

Бино ба омори расмӣ, дар нимсолаи аввали соли равон ин ду кишвар ба маблағи ҳудуди 250 миллион доллар молу коло додугирифт кардаанд. Аз ҷумла, дар ин давра додугирифт миёни вилояти Суғд ва Узбакистон ба тақрибан 50 миллион доллар расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сад дарсад афзудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *