Эмомалӣ Раҳмон: Зуҳуроти ифротгароию терроризм дар Осиё афзоиш ёфтааст

Президенти Тоҷикистон афзоиши зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро таҳдиде ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

Президенти Тоҷикистон афзоиши зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои кибериро таҳдиде ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ унвон кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 15 июн дар ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар шаҳри Душанбе суханронӣ мекард, гуфт, кишвараш ба “зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд”.

Ба эътиқоди Эмомалӣ Раҳмон, муқовимат алайҳи таҳдидҳои замони муосир аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо мекунад.

Президенти Тоҷикистон аз вазъи ноороми Афғонистон ибрози ташвиш намуда ва гуфт, ки ҷомаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, кишварҳои узви МҲТБО метавонанд ба ҳалли қазияи Афғонистон мусоидати воқеӣ намоянд.

Раиси ҷумҳури кишвар ҳамкориҳо дар заминаи тағйирёбии иқлим муҳим хонда ва оқибатҳои ин таҳаввулотро барои минтақа ва Тоҷикистон харобиовар арзёбӣ кард. Масалан, ба Тоҷикистон ҳамасола аз офатҳои табиӣ зарари калони моддӣ ва талафоти ҷонӣ ворид мешавад. Ҳамчунин, башиддат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон ба коҳиши ҳаҷми захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Зимнан, бо ташаббуси навбатии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 қатънома оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, ки татбиқи расмии он соли гузашта оғоз ёфт, бо иттифоқи оро қабул гардид.

Эмомалӣ раҳмон ибрози умедворӣ кард, ки табодули таҷрибаи тайи солҳои шарокат дар доираи Машварат андӯхта ва муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти муштараки минбаъдаи мо оид ба таҳкими ҳусни эътимод, амният ва пешбурди раванди МҲТБО имконият фароҳам меорад.

Нишасти сарони кишварҳои узви МҲТБО имрӯз 15 июн дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шуда ва дар он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат доранд.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар, аз ҷумла, Абдулло Абдулло, сарвазири Афғонистон ҳузур пайдо карданд.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро ташкил медиҳад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *