Эмомалии Баҳром Валиҷони Азизро қоил кард?

Эмомалии Баҳром дар ҷодаи сарояндагӣ навроҳ аст, вале аллакай бо суруди “Хиёнат”-аш миёни дӯстдорони таронаҳои эстрадӣ маъруф гаштааст.

Бархе Эмомалиро бародари Валиҷони Азиз меҳисобанду гурӯҳи дигар мегӯянд, ки онҳо писархола ҳастанд. Ин сарояндаи ҷавон дар асл бо Валиҷони Азиз чӣ муносибат дорад ва ҳадафаш аз интихоб намудани роҳи санъат аст? Барои ба ин саволҳо посух гирифтан бо Эмомалӣ суҳбати ҷолибе доштем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардонем.

           Даричаи ошноӣ:

Ному насаб: Эмомалии Баҳром.
Ҷои истиқомат: Шаҳри Панҷакент.
Касб: сароянда, дастпарвари Консерваторияи миллии Тоҷикистон.
Бурҷ: Далв.
Вазъи оилавӣ: Муҷаррад.

 —Эмомалӣ, аслан сарояндагӣ пешае ҳаст, ки бештар бо хун ба рагу пайванди инсон ҷой мешавад. Барои шумо ҳам ин касби авлодист ё аз сари шавқу ҳавас роҳи санъатро пеш гирифтед?

-Дар авлоди мо касе санъаткор нест, вале аз хурдӣ меҳри санъат дар дили ман ҷӯш мезад. Ҳанӯз замони мактабхонӣ дар чорабиниҳои мактабӣ суруд мехондам. Бо шавқ кафкӯбӣ кардани устодон ва ҳаммактабонамро дида, дилам боғ-боғ мешукуфт.

-Пас, шуморо шавқи дар осмони шуҳрат боз ҳам баландтар парвоз кардан ба ин ҷода овардааст?

-Чизҳое ҳастанд, ки инсон бе онҳо зиндагӣ карда наметавонад, масалан нон, об… сарояндагӣ барои ман мисли ҳамин чизҳои ҳаётан муҳим зарур аст. Ба назарам баъзан чунин мерасад, ки агар суруд нахонам, дилам мекафад. (механдад)

-Дар байни мардум овозае паҳн гашта буд, ки шумо бародари Валиҷони Азиз ҳастед….?

-Ман гумон мекунам, ки сабаби паҳн шудани чунин овозаҳо ин монандии садои мо ба ҳамдигар аст. Ману Меҳрнигори Рустам ҳамсабақ ҳастем. Вақте дар курси якум мехондем, як рӯз Меҳрнигор дар вақти дарс сурудхонии маро ба қавле “камера” карда гуфт, ки бегоҳ ӯ бо Валиҷон дар як маҳфил даъватӣ аст ва албатта ин наворро ба вай нишон медиҳад. Валиҷон Азизов садои маро шунида бо ҳайрат гуфтааст, ки ин бача айнан мисли ман месурудааст, моро шинос кун.  Ҳамин тавр туфайли як тарона ману Валиҷони Азиз бо ҳам ошно шуда, имрӯз дӯстони ҷонӣ ҳастем.

-Воқеан, Шумо ба Валиҷон тақлид мекунед ё дар асл садоятон чунин аст?

-Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ман Валиҷонро копияхонӣ мекунам, вале дар асл чунин нест. Худованд аз азал ба ман чунин садо додааст.

-Мухлисонатон орзу доранд, ки шумо ва Валиҷон якҷоя ягон дуэт сароед, то ҳардуятонро дар як саҳна дида ормон шикананд….

Ин орзуро ман низ кайҳо боз дар дил мепарварам ва сари ин мавзӯъ бо устодам Валиҷони Азиз низ аллакай суҳбат кардам. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик дуэти мо омода ва пешкаши мухлисон мегардад.

-Эмомалӣ, Худованд ба шумо чеҳраи зебо ва садои дилнишин додааст. Албатта талабгорони чунин йигити чор кас медидагӣ кам набудагистанд… ?

(Механдад) Шумо шояд бовар накунед, вале ман яктопараст ҳастам. Духтареро аз ҷонам бештар дӯст медоштам. Ҳар саҳар тамоми кору борамро партофта, аввал ӯро ба дарс мебурдам ва нисфирӯзи рафта ба хонаашон меовардам, вале….

-Магар бо дӯстдоштаатон ягон ҳодисаи нохуш рӯй дод?

Не, бевафоӣ кард. Ӯ шавҳар карду аз худ дар дили ман доғи ишқро ба ёдгор гузошт. Акнун аламамро фақат аз суруд гирифта таронаҳои пурдарди ошиқона месароям.

-Акнун фаҳмидем, ки чаро сурудҳои шумо ин қадар тез ба дили ошиқон роҳ меёфтаанд!

-Дарде, ки сохта несту аз қаъри дил мебарояд, албатта ба дилҳо мерасад!

-Мегӯянд, ки шумо ҳатто сарояндаи машҳури эронитабор Мансурро қоил кардаед…?

Дар ҷашни наврӯз Мансур ҳамроҳи Садриддини Наҷмиддин ба Консерватория омада буд. Бо хоҳиши бачаҳо ман як суруди Мансурро зинда хондам. Мансур кафкӯбӣ карда офарин гуфт. Табассуми ширин ва чеҳраи шодаш аз он гувоҳӣ медод, ки аз рӯйи дил офарин намехонад ва садои ман ба ӯ дар ҳақиқат писанд омадааст.

-Дар интихоби матну оҳанги сурудҳо,  умуман дар корҳои эҷодиатон кӣ ба шумо кӯмак мерасонад?

Дӯстонам Манучеҳри Баҳрулло дар интихоби шеър, Фирӯзи Сулаймон бошад дар масъалаи оҳанг ба ман кӯмак мерасонанд. Тағоям Абдунаим низ дар корҳои эҷодии ман саҳми арзанда доранд. Аз ҳамаашон сидқан миннатдорам.

-Ҳар як эҷодкори ҷавон хоҳ-нохоҳ ба касе пайравӣ мекунад. Идеали шумо дар зиндагӣ кист?

-Валиҷони Азиз!

-Ба мухлисонатон чӣ сюрприз карданиед?

-Рӯзҳои наздик албоми сурудҳои банда пешкаши ошиқони савту наво хоҳад гашт. Фикр мекунам сюрпризи аз ин беҳтар намешавад!

-Муваффақ бошед!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *