Эмоми Назариён силоҳи ҳаҷв ба даст гирифт

Нахустмаҷмӯаи ҳаҷвияҳои рӯзноманигори собиқадор ва тарҷумон Эмоми Назариён (Эмом Назаров) таҳти унвони “Хатсайри гуноҳ” ба табъ расид.

Муаллиф каму костиҳои ҳаёти ҷомеа ва шахсони алоҳидаро ҳадафи мазаммату сарзаниш қарор дода, дар лутфҳои персонажҳо — Сазою Вафо ва шоир Хайрандеш луқмаҳои ҷолиби нишонрасро манзури дӯстдорони ҳаҷв гардонидааст. Ба маҷмӯа нависандаи хушсалиқа Зариф Ғулом сарсухан навиштааст.

Бурди дигари маҷмӯа дар он аст, ки муаллиф дар тарҷумаҳои ҳикояҳои ҳаҷвии нависандагони рус Антон Павлович Чехов, Валентин Сайкинский, нависандаи машҳури Ӯзбекистон Саид Аҳмад ва чанде дигар қобилияти хубе доштааст. Аҷиб менамояд, ки Эмоми Назариён дар арафаи 70-солагиаш ҷуръат намудааст, то ҳаҷвияҳояшро дар як маҷмӯа гирд оварад. Ин амали ӯ мақоли «Дер ояду шер ояд»-ро ба ёд меорад. Маҷмӯаи ҳаҷвияҳои «Хатсайри гуноҳ» аз «шер» омадани соҳибқалами мавсуф далолат медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *