Эмомалӣ Раҳмон дар нерӯгоҳи «Роғун»

Президенти ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 26-уми июл ба маҳали бунёди нерӯгоҳи «Роғун» сафар кардааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин боздиди Эмомалӣ Раҳмонро, «шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ», эълон кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо нахуствазир Қоҳир Расулзода, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ менамояд, бо муҳандисону кормандони техникии ин нерӯгоҳ мулоқот намудааст. Оқои Раҳмон ҳамчунин аз мавзеи бунёди навбати аввали сарбанди нерӯгоҳи «Роғун», ки яке аз марҳилаҳои муҳими сохтмони ин тарҳ ба шумор меравад, дидан кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали хатти конвейрӣ иштирок кардааст. Бунёди хати конвейрӣ, ки асосан барои интиқоли маводи сарбанд, аз ҷумла сангу шағал басо мусоид аст, аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *