Эпидемиологи тоҷик дар Русия аз COVID 19 фавтид

Соли 2015 бо оилааш ба Русия кӯчид ва қаблан дар беморхонаи марказии ноҳияи Сосновски вилояти Тамбови Русия кор мекард

Эпидемиологи маъруф, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Шавкат Ҳафизов аз COVID дар синни 55-солагӣ даргузашт.

Хабари ғамангезро Азиза Хафизова, хоҳари Шавкат Хафизов расонд. “Пас аз хатми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бародари ман аз соли 1993 то 2015 дар беморхонаи “Якум Советский”  ва беморхонаи сироятии Зарафшон ба ҳайси эпидемиолог кор кардааст.Бародари ман дар доираи барномаи кӯчонидани ҳамватанон  дар соли 2015 бо оилааш ба Русия кӯчид ва қаблан дар беморхонаи марказии ноҳияи Сосновски вилояти Тамбови Русия кор мекард”. Вақтҳои охир эпидемиолог беморони гирифтори коронавирусро табобат мекард. Хафизов Шавкат соли 1965 дар Душанбе таваллуд шудааст, 55 сола буд. “Ману бародарам дар як синф будем ва ҳарду Донишгоҳи тиббиро хатм кардем. Вай эпидемиолог шуд ва ман дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дарс медиҳам, тамоми оилаи мо табибон мебошанд. Падари мо Аҳмад Ҳафизов табиби машҳур буд, ки солҳои дароз дар беморхонаи Қарияи Боло кор мекард. Бародарам ду рӯз пеш дар Русия аз коронавирус даргузашт”, гуфт хоҳари марҳум. Дар ин бора «Спутник» хабар додааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *