Эрдуғон таҳдид кард, ки пойгоҳи Амрикоро мебандад

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон гуфт, агар Вашингтон зидди Анқара ба хотири харидории муҷтамаи мушакии русии С-400 ва амалиёт дар шимоли Сурия таҳрим эълом кунад, дастрасии ИМА-ро ба пойгоҳи Инҷирлик маҳдуд мекунад.

Эрдуғон рӯзи якшанбе дар суҳбат бо телевизиони «A Haber» афзуд, баста шудани пойгоҳи Куреджик низ имкон дорад, ки дар он низоми зиддимушакии аврупоӣ насб карда шудааст. Ба гуфтаи президент, мақомоти турк ин тасмимҳоро «дар сурати зарурат» хоҳанд гирифт.

Таҳримҳои эҳтимолӣ зидди Туркия дар тарҳи буҷаи низомии ИМА пешбинӣ шудааст ва қарор аст, Конгресс онро рӯзҳои наздик ба тасвиб расонад. Онҳо ба таҳримҳои зидди Русия марбутанд.

Як бастаи таҳримҳои сахттари дигарро зидди Туркия ҳафтаи гузашта кумитаи байналмилалии Сенати Амрико ба тасвиб расонд. Ба ҷуз ин, Сенат бори нахуст қатъномаи наслкушии арманиҳоро дар давраи императории туркҳо қабул кард, ки эътирози Анқараро ба бор овард.

Ба гуфтаи Эрдуғон, на Русия ва на ИМА тавонистанд гуруҳҳои мусаллаҳи курдро, ки дар Туркия террористӣ эълом шудаанд, аз шимоли Сурия берун кунанд. Вале Туркия «комилан омода»-и мубориза бар зидди терроризм аст. Эрдуғон нагуфт, ки амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия аз сар гирифта мешавад ё не.

Ин амалиёт баҳси тундеро низ дар НАТО ба миён оварда, президенти Фаронса вазъ дар созмонро ба «марги мағз» баробар кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *