Эрдуғону Путин «Маҷрои Туркия»-ро боз карданд
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ва ҳамтои русаш Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи лӯлаи гази «Маҷрои Туркия» иштирок карданд, ки гази Русияро ба ин кишвар ва Аврупо интиқол медиҳад.
«Маҷрои Туркия» тарҳе аст, ки бо кушишҳои Москва ба хотири коҳиши интиқоли газ тавассути Украина иҷро мешавад. Бунёди лӯлаи мазкур моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, 8 миллиард доллар харҷ дошт.
Беш аз 930 километри лӯла аз баҳри Сиёҳ мегузарад. Қарор аст, он солона 31,5 миллиард метри мукааб газро аз Русия ба ғарби Туркия интиқол диҳад, ки ними он ба Балкан ва Аврупои Марказӣ, бо шумули Булғористон, Сербистон ва Маҷористон фиристода хоҳад шуд.
Дар маросими ифтитоҳи лӯлаи мазкур дар шаҳри Истамбул раҳбарони Булғористон ва Сербистон низ иштирок доштанд. Ширкати гази Булғористон — «Булғортрансгаз» 5 январ хабар дод, ки Русия аллакай интиқоли газро тавассути лӯлаи нав оғоз кардааст.
Путин ва Эрдуғон пеш аз иштирок дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ мулоқоти дуҷонибаи «як ба як»-еро анҷом доданд. Пештар Кремл хабар дода буд, ки ҷонибҳо тасмим доранд, рушди муносибатҳои тиҷории дуҷониба, вазъ дар Сурияву Либияро баррасӣ кунанд. Эрдуғон гуфта буд, ки мехоҳад бо Путин вазъ дар Идлиби Сурияро баҳс кунад. Дафтари матбуотии президенти Туркия низ гуфт, дар вохӯрӣ низоъ миёни ИМА ва Эрон низ баъди қатли генерал Қосим Сулаймонӣ баррасӣ мешавад.
Президенти Сурия пеш аз Туркия дар доираи як сафари эъломношуда 7 январ ба Сурия рафта, бо президент Башор Асад дидору гуфтугӯ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ