Эрдуғон: Мурсӣ шаҳид шуд

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср рӯзи 17 июн дар толори додгоҳи шаҳри Қоҳира аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, ки бо Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури пешини Миср робитаи зич дошт, ӯро «шаҳид» ном бурд.

Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср рӯзи 17 июн дар толори додгоҳи шаҳри Қоҳира аз ҳуш рафта ва фавтидааст. Ҷасадашро ба шифохона бурдаанд.

Яке аз аъзои баландпояи созмони «Бародарони Мусалмон» дар Лондон Муҳаммад Судан марги Мурсиро ба «куштори аз қабл тарҳрезишуда» баробар донист.

Созмони Human Rights Watch гуфт, марги Муҳаммад Мурсӣ «фоҷиаангез», вале «пешгӯишаванда» буд, чун мақомот иҷоза надоданд, ки ба ӯ кумаки пизишкӣ расонда шавад.

Муҳаммад Мурсии 67-сола, аз раҳбарони асосии «Ихвон-ул-муслимин», яке аз созмонҳои исломии мамнӯъ дар Миср буд. Ӯро баъди як соли раёсати ҷумҳурӣ дар Миср дар соли 2013 баъди тазоҳуроти азими мардумӣ артиши кишвар барканор кард.

Баъд аз ин фаъолияти гурӯҳи “Ихвон-ул-муслимин”, ки аз Мурсӣ пуштибонӣ мекард, манъ карда шуд ва ҳазорон аъзои он ба зиндон андохта шуданд.

Мурсӣ аввалин раиси ҷумҳуре буд, ки пас аз сарнагунии ҳукумати Ҳуснӣ Муборак аз роҳи демократӣ дар интихобот раҳбари як кишвари арабӣ шуд. Вайро ба хиёнат ба ватан муттаҳам мекарданд ва аз соли 2013 дар зиндон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *