Эргашев дар табобат, Ҳабибуллоев мунтахаби олимпии Тоҷикистонро омода мекунад

Бо сабаби вазъи саломатии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев, ки ҳоло дар Эрон дар табобат қарор дорад, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад.

Бояд гуфт, ки қаблан Ҳабибуллоев ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо дар тими миллии кишвар фаъолият мекард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ситоди иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов ва Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббии таҳлилгар Фаррух Марофиев шомил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гуруҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) хоҳанд буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *