Эркин Одинаев: Эй Худо, ҳоли муҳоҷирбудагон вазнин аст… (видео)
Шоири ҷавони тоҷик Саид Ризо дар як муноҷоти худ ба Худо аз гирифтории ҷаҳониён ба вируси короно шиква кардааст. Ин шеъри Саид Ризоро сароянда Эркин Одинаев ба дард оҳанг баста, месарояд.
Қаблан дар ин мавзӯъ шоири маъруфи тоҷик Фарзона “Муноҷот ба Худо” ном шеъре навишт, ки онро сарояндагон аз Хуҷанд клипи ҷолиб карданд. Дар пайравӣ ба Фарзона Гулназар, Озарахш, Исомил Зарифӣ, Бузургмеҳри Баҳодур, Иброҳимҷон Дӯстализода низ шеърҳое навиштанд, ки аз вируси короно шиква мекунанд ва аз Худо талаби шифои бандагони ҷаҳонро талаб менамоянд.
Инак, шеъри Саид Ризо ва оҳанги Эркин Одинаевро пешкаши шумо мекунем.
Ин чӣ дардест, Худоё, ки ҷаҳон бемор аст,
Чӣ бало омада, ки пиру ҷавон бемор аст.
Олами шод кунун мотаму ҳасрат дорад,
Одамон хонагӣ гаштанду макон бемор аст.
Бо чунин дард, Худоё, ба куҷо бояд рафт?
Роҳ бинмой ту моро, ба куҷо бояд рафт?
Ноумед аст башар, боз умеде бифирист,
Нафиристӣ ту даворо, ба куҷо бояд рафт?
Эй Худо раҳм бикун, Эй Худо мужда расон.
Модарон хунҷигару зиндаҷудо аз фарзанд,
Писарон дарбадару дарбадару бе лабханд.
Эй Худоё ҷигарам сӯзад аз ин ҳоли ғариб,
Ҳар куҷо бе касу кӯест ба ӯ шав пайванд.
Эй Худо, ҳоли муҳоҷирбудагон вазнин аст,
Ту бибахшой агар, ки дили мо чиркин аст,
Ин балоҳо, ту худат донӣ, зи нопокии мост,
Дил агар пок шавад, зиндагӣ ҳам ширин аст.
Эй Худо раҳм бикун, Эй Худо мужда расон.
Шукри ин миллату давлат, ки ту ёраш ҳастӣ,
Рӯзи вазнинии дунё ба канораш ҳастӣ.
Эй Худо, дур бикун кулли балоро аз мо,
Беқарории башарро ту қарораш ҳастӣ.
Эй Худо раҳм бикун, Эй Худо мужда расон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ