Эркин Одинаев: Ситора Азимӣ бо хоҳиши худ аз вазифа даст кашид!

Эркин Одинаев сарояндаи саршиноси тоҷик имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигори «Tajikistantimes.tj» гуфт, ки пешниҳоди аъзоёни гурӯҳи эстрадии «Садои Осиё»- ро бобати сарварии ин ансанблро ба ӯҳда гирифтанаш рад кардааст.

— Медонед, ман аз аввал мансабдӯстдор набудам. Инсон набояд санъатро барои мансаб интихоб кунад. Ман санъатро барои хизмат ба халку ватанам интихоб кардам, на барои мансаб.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки овозаҳо бобати он ки гӯиё Ситора Азимӣ, роҳбари собиқи ин ансанблро барои ноӯҳдабароӣ ва бехабарияш аз санъат аз кор сабукдӯш намудаанд, беасос хонда афзуд, ки « Касе хонум Ситора Азимиро аз вазифа сабукдӯш накардааст, ӯ худаш бо ҳоҳиши худ аз вазифаи роҳбарӣ даст кашид».

Мавриди зикр аст, ки роҳбари пештараи ин ансанбл сарояндаи саршиноси тоҷик Убайдуллои Каромат буд, ки дар замони роҳбарии мавсуф ансанбли мазкур ба дастовардҳои бузург ноил гардида буд. Аммо бо сабаҳои номаълум ба ҷойи Убайдуллои Каромат Ситора Азимӣ ба курсии роҳбарии ин ансанбл нишаст, ки ӯ низ чанде пас ин курсиро тарк гуфт. Айни замон бошад, роҳбарии ин ансанблро Хушбахт Ҳакимов ба ӯҳда дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *