Эрлан Абдилдаев — сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Садыр Жапаров) рӯзи 12-уми апрел бо судури як фармон вазири собиқи корҳои хориҷии кишвараш Абдилдаев Эрланро сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин кард. Абдилдаев дар ин мақом Жаниш Рустенбековро иваз мекунад.
Рустенбеков моҳи феврали соли 2022 дар пайи ба ӯ изҳори нобоварӣ кардани парлумон аз вазифааш барканор карда шуд. Парлумон Рустенбековро ба он айбдор кард, ки барои ҳимоят аз манфиатҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад.
Эрлан Абдилдаев дар ҳоле сафири нави Қирғизистон дар Тоҷикистон таъйин шуд, ки муносибатҳои Бишкеку Душанбе як давраи пуртанишеро паси сар мекунад.
Эрлан Абдилдаев 21-уми июли соли 1966 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар хонаводаи коргардони синамо Бекеш Абдилдаев ба дунё омада, соли 1989 МГИМО — Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Маскавро хатм кардааст. Абдилдаев ба забонҳои англисию хитоӣ балад буда, қаблан ҳамчун сафири Қирғизистон дар Хитой ва аз соли 2012 то 2018 ҳамчун вазири корҳои хориҷии кишвараш кор кардааст. Абдилдаев аз соли 2020 сафири Қирғизистон дар Олмон буд ва моҳи феврали соли 2022 аз ин мақом озод карда шуд.
Эрлан Абдилдаев ду фарзанд — як писар ва як духтар дорад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ