Эрод аз як қатор «ситораҳои инстаграм» дар телевизиони «Тоҷикистон»
Ниҳоят, мақомот масъалаи муҳимро, ки доғи рӯз гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба маърази тамошобин гузоштанд.
Телевизион, ки мардум онро манбаъи боэътимод ва аз ҳамаи шабакаҳо дида бештар бовар мекунанд, имрӯз ба мавзуи як қатор ба ном ситораҳои инстаграм эроди ҷиддӣ гирифтанд.
Дар бахши ахбори телевизиони “Тоҷикистон” лаҳзаҳои берун аз ахлоқу одоб ва фарҳанги миллии тоҷиконаи ба ном ситораҳои инстаграм ба маърази тамошобин гузошта шуда, дар шарҳи ин мавзӯъ аз мақомотҳои дахлдор барои чораандешӣ аз чунин ҳолатҳои номуносиб ба ахлоқи ҷамъиятӣ зикр гардидааст.
Ба фикри шумо бетараф будан ба рафтори номуносиби як қатор блогерон хуб аст ё пешгирӣ намуда, ҷомеаи солиму бошуурро пешбарӣ кардан хуб аст?
Навор дар телеграмканал
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ